Шикояти як сокини Душанбе аз пардохт нашудани алименти фарзандонаш
Умеда Гадоева, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, панҷ сол аст, ки шавҳари собиқаш аз пардохти алимент барои ду фарзанди ӯ саркашӣ мекунад.
Хонум Гадоева имрӯз, 14 май ба Хабаргузории “Озодагон” тамос гирифта гуфт, баъди 4 соли зиндагӣ дар соли 2010 бо шавҳараш -- Иброҳим Тураев аз ҳам ҷудо шудаанд ва моҳи ноябри ҳамон сол бо қарори додгоҳи Исмоили Сомонии Душанбе ҳамсараш муваззаф шуд, ҳармоҳа 400 сомонӣ алимент супорад: “Як духтари 7-сола ва як писари 8- сола дорам. Чун духтарчаам он замон бисёр хурд буд, судя қарор баровард, ки то се сола шуданаш падараш 100 сомонӣ барои ман, ки вақти нигоҳубини ӯ ягон ҷо кор карда наметонам, пардохт кунад. Инчунин барои ду фарзандам ҳар моҳ 300 сомонӣ бидиҳад. Лекин ягон бор 400 сомонӣ насупоридааст. Гоҳ-гоҳ 50 сомонӣ месупорид ва охирон бор соли 2013 пули алиментро пардохт кард”.
Умеда Гадоева афзуд, борҳо пушти дари додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ҳамсари собиқаш дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад, рафт ва аз пардохт нашудани алимент аз сӯи шавҳари собиқаш шикоят бурд: “Вале масъулини додгоҳ ба ман посухи мушаххас надодаанд. “Имрӯз биё, пагоҳ биё” мегуфтанд”.
Ин хонум гуфт, ҳоло ҳеч куҷо кор намекунад ва ҳайрон аст барои пардохти алименти фарзандонаш аз ҷониби падари онҳо чи кор кунад. Ӯ афзуд, дар ин панҷ сол Тураев боре ҳам аз аҳволи ду фарзандаш хабар нагирифт.
Шараф Одинаев, иҷрочии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки аз ин қазия огоҳӣ дорад, панҷшанбеи 14 май дар суҳбат ба “Озодагон” пурра пардохт нагардидани алименти фарзандони Умеда Гадоеваро аз ҷониби собиқ шавҳараш тасдиқ намуд. Оқои Одинаев гуфт, барои саркашӣ аз пардохти алимент барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иброҳим Тураев 4 маротиба ба додситонии Сино мавод мешниҳод кардааст: “Лекин он ҷо мегӯянд, 100 сомонӣ, 200 сомонӣ супоридааст, парвандаи ҷиноятӣ кушода намешавад, ман гуфтам, ки ин мард чанд моҳ аз ҳисоби напардохтани алимент қарздор аст. Ҳоло мунтазирем, ки прокуратура чи чора меандешад”.
Ин дар ҳолест, ки Умеда Гадоева мегӯяд, аз рӯи ҳисоби ӯ собиқ шавҳараш беш аз 12 ҳазор сомонӣ маблағи алиментро пардохт накардааст.