“Нигоҳи нав”: Аз намоиши “Журналист” то “Қатли орзуҳо”
Чаҳорумин Ҷашнвора - озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.
Ин ҷашвонвора, ки ба 75-солагии Ислом Саломов ва Убайдулло Раҷабов бахшида шудааст, аз 16 то 20 майи соли равон дар теари давлатии драмавии русии ба номи Маяковский идома хоҳад ёфт.
Расми ифтитоҳи ҷашнвора 16 майи соли равон соати 10:00 оғоз шуда, зуҳри ҳамон рӯз мулоқоти иштикрокдорон бо Шабнам Ибодова, устобонуи корҳои дастии муосир сурат хоҳад гирифт.
Рӯзи 17 майи соли равон соати 10:00 намоишномаи “Ману ман”, ки муаллифи он Константин Фролов ва таҳиягараш Ватандор Шерованд, аз сӯи Гуруҳи ҷавонони эҷодкори “Ранҷ Ганҷ” ба намоиш гузошта мешавад. Соати 18:00 Гуруҳи театрии “Бепарасторон” намоишномаи “Журналист”-ро дар таҳияи Сом Ҷаводӣ пешниҳод мекунанд.
Санаи 18 май Гуруҳи ҷавонони эҷодкори “Навоз” дар соати 10:00 намоишномаи “Қотил”-ро дар пешниҳоди Муҳибназар Холназаров намоиш медиҳанд.
Дар доираи ин ҷашвонвора намоишномаҳои “Ҳоли падар хуб аст”, “Дарси бераҳмона”, “Қатли орзуҳо” ва “Панҷаҳои Борбад” низ пешкаши тамошобинон хоҳад шуд. Созмондиҳандаҳои “Нигоҳи нав” мегӯянд, ба ҷуз аз пешниҳоди намоишномаҳо инчунин мулоқот бо ҳунарманд ва коргардонҳои шинохтае чун Ислом Саломов, Убайдулло Раҷабов, Саъдулло Раҳимов ва Сафар Ҳақдодов дар назар аст.