Баррасии вазъи амнияти минтақа дар суҳбати Аслов бо Свараҷ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Ҳиндустон қарор дорад, бо Сушма Свараҷ, вазири умури хориҷии ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 13 май дар Деҳлӣ баргузор шудааст. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақаро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ табодули назар сурат гирифта, сатҳи равобит ва ҳамкории кунунии ду кишвар мусбат арзёбӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ҳошияи вохурии Аслов бо Свараҷ Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расидааст.
Ин дар ҳолест, ки Сироҷиддин Аслов, аз ин пеш бо Аҷит Довал, мушовир оид ба масъалаҳои амниятии Ҳиндустон мулоқот карда буд.
Сафари расмии вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Ҳиндустон рӯзи 11 майи соли равон оғоз шуда, то панҷ рӯз идома хоҳад ёфт.