Чиптаи консерти Садриддинро дар Шветсия барои донишҷӯёну паноҳандаҳо 6,8$ арзонтар мефурӯшанд
Садриддини Наҷмиддин, хонандаи маъруфи таронаҳои попи тоҷик дар доираи силсиласафарҳои ҳунарияш ба Аврупо дар шаҳри Стокҳолми Шветсия консерт баргузор мекунад.
Ин консерт қарор аст, рӯзи 16 майи соли равон, соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ дар толори “Naca Gymnaziyum” оғоз шавад.
Баргузоркунандаҳои консерт мегӯянд, барои донишомӯзони макотиби миёнаю олӣ ва паноҳандаҳо ҳангоми харидории чипта тахфиф пешбинӣ шудааст: “Барои донишомӯзон ва донишҷӯёну паноҳандагон дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда то 50 крони шведӣ (6,8$) нархи чипта поин бурда мешавад”. Арзиши чиптаҳо ба ин консерт дар таблуҳои таблиғотӣ аз 300 то 450 крон, муодили 36.4 - 54.7 доллар нишон дода шудааст.
Консерти Садриддини Наҷмиддин дар Шветсия идомаи силсиласафарҳои ҳунарии соли 2015-и ӯ ба Аврупо аст. Рӯзи 9 майи соли равон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон консерт дошт ва гуфта мешавад, 23 май дар Швейтсария ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Садриддин аз овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки миёни форсизабонҳо аз маъруфияти хосе бархӯрдор мебошад. Ӯ аз аввалин хонандаҳои поп мебошад, ки дар Амрикову Аврупо ҳунарнамоӣ кард ва клипҳояшро телевизионҳои маъруфи ҷаҳоние нашр карданд.