VIDEO: Доллар ба нархи кабудӣ ҳам бетаъсир намондааст
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, болоравии қурби долларро эҳсос кардаанд.
Як назарпурсии видеоии “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе маълум кард, ки болоравии қурби доллар ба зиндагии мардум бетаъсир набудааст. Бештари пурсидашудаҳо мегуфтанд, бо боло рафтани арзиши доллар нархи маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза новобаста ба истеҳсоли ватанӣ ё хориҷа будан, гарон шудааст. Бархеҳо аз он нигаронӣ мекарданд, ки қурби асъори миллӣ поин омада ва музди меҳнаташон барои зиндагии якмоҳа намерасад.
Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе рӯзи 13 май ба 6,52 сомонӣ баробар буд. Аммо сокинон мегӯянд, бо ин нарх дар нуқтаҳои мубодилаи асъор пайдо кардани доллар ғайриимкон аст ва нархи пасипардагии 1$ аз 7 сомонӣ баландтар мебошад.
ВИДЕОИ назарпурсиро тамошо кунед ва Шумо низ зери он бинависед, ки оё таъсири болоравии қурби долларро эҳсос кардаед?