“Истиқлол” дар даври ҳаштякфинали Ҷоми AFC-2015 бо "Ал-Ваҳда"-и Сурия бозӣ мекунад
Тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар охирин даври мусобиқаи интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015, ки 13 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 5:2 дастаи “Аҳал”-и Туркманистонро шикаст дод ва ба даври ҳаштякфиналӣ роҳхат гирифт.
Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 9 ва 90+1), Хуршед Маҳмудов (28), Бледа Родригес (31) ба нишон расонданд. Як голи дигарро бозигари “Аҳал” -- Рахмет Шерметов дар дақиқаи 54 вориди дарвозаи дастааш кард. Муаллифи голҳои меҳмонон Мамедали Караданов (32) ва Алтимурод Аннадурдиев (90+3) буданд.
“Истиқлол” баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқаи даври интихобӣ дар гуруҳи “С” бо 11 хол дар зинаи аввал қарор гирифт. “Ал-Қодсия”-и Кувайт бо 10 имтиёз дуюм ва "Эрбил"-и Ироқ бо 7 имтиёз сеюм шуданд. “Аҳал” бо 6 хол дар ҷои чорум аст.
“Истиқлол” дар даври ҳаштякниҳоӣ рӯзи 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи "Ал-Ваҳда"-и Сурия қувва меозмояд.