Хабари боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ ба Сурия
Як шаҳрванди Тоҷикистон ва як табааи Русия бо иттиҳоми қасди сафар ба Сурия тавассути марзи Молдова боздошт шудаанд.
Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова гуфтааст, ҳангоми боздошт аз ин афрод либоси низомӣ ва адабиёти диннӣ, ки барои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ истифода мешавад, пайдо кардаанд. Манбаъ гуфтааст, қаблан ин ду нафар бо иттиҳоми терроризм аз Туркия ихроҷ шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо дар урдугоҳҳои махсуси тундгароёни исломӣ тамрин дидаанд.
Хадамоти иттилоот ва амнияти Молдова гуфтааст, ҳоло масъалаи истирдоди боздоштшудаҳо ба Ватан баррасӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 11 май Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти “Густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, гуфт, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ 384 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд, ки 40 нафарашон бо зану фарзандон ба он кишварҳо рафтаанд.
Аз ин пеш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта, ҳоло пушаймонанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд: “Ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд”.
Дар ин иттилоия гуфта мешуд, чунин афрод метавонанд барои ба Ватан баргаштан бо телефони боварии вазорат +992-221–21-21 тамос бигиранд: “Мақомоти корҳои дохилӣ омодааст, барои баргардондани онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад”.