Куртаи тоҷикии раиси Ҷалолиддини Румӣ ба сафири Амрико
Сафари як ҳайати иборат аз намояндаи Амрико дар Оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзии СММ, хабарнигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сафири ИМА дар Душанбе аз ҷануби Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ идома дорад.
Хабарнигори “Озодагон”, ки ин ҳайатро ҳамроҳӣ мекунад гуфт, ҳадаф аз сафари Дэвид Лейн, намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқа ва кишоварзӣ СММ дар Рум, арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА-ву СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, мебошад. Ҳайати мазкурро Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе ва панҷ хабарнигор аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд: “Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии Ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷахонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан хоҳанд кард”.
Ба қавли хабарнигори мо, имрӯз ҳайат аз Федератсияи обчакорони ноҳияи Румӣ дидан карда, бо намояндагони анҷумани истифодабарандагони об суҳбат намуд: “Зикр шуд, ки бо дастгирии Оҷонсии озуқа дар ноҳия канале бунёд гардидааст, ки кори деҳқононро ба маротиб осон кардааст”.
Хабарнигори “Озодагон” гуфт, дар мулоқот бо раҳбарияти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ раиси ноҳия ба Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон куртаи атлас туҳфа кард.
Қарор аст, ҳайат аз шаҳрҳои Сарбанду Кӯлоб ҳам дидан кунад.