ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ. Таъини муовинони раисони Бонки миллӣ ва “Амонатбонк”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 май бо судури чанд фармону қарор муовинони нави раиси Бонки миллӣ ва “Амонатбонк”-ро таъин намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, бо фармони президент Сироҷиддин Икромов ва Умед Латифов муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Икромов, то ин замон дар курсии муовини раиси “Амонатбонк” менишаст.
Ба иттилои манбаъ, бо фармони дигари президент Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудааст. Инчунин Бахтиёр Маҳмудов ва Исломиддин Раҳмонов, муовини раиси “Амонатбонк” таъин шуда, Абдуманнон Саидов аз мақоми муовинӣ дар ин ниҳод озод ва муовини якуми раиси “Амонатбонк” шудааст.
Аввалҳои моҳи май Эмомалӣ Раҳмон Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинони ӯро аз вазифа барканор намуда, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк”-ро раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияро муовини аввали ӯ таъин кард.