Эъдоми як вазир дар Кореяи Шимолӣ барои хоби ногаҳонияш
Хён Ён Чхол, вазири қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ барои хоби лаҳзаӣ дар ҷараёни як чорабинии низомӣ эъдом шудааст.
Ба иттилои расонаҳои хабарии Кореяи Шимолӣ, Ким Чен Ин, раисиҷумҳури ин кишвар хоби ногаҳонии Хён Ён Чхолро, ки боиси иҷро нагардидани яке аз дастурҳои ӯ гардид, “хиёнат ба Ватан” хонда, ҳукми қатлашро содир кардааст.
Вазири қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ рӯзи 30 апрели соли равон дар Омӯзишгоҳи Пхеняни кишвараш бо зарби гулула кушта шудааст.
Хён Ён Чхол аз соли 2014 ба ин сӯ дар симмати вазири қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ кор мекард.
Ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, танҳо дар 12 моҳи соли 2014, 15 мансабдор дар ин кишвар эъдом шудаанд.