Мукофоти “Boeing” ба “Сомон Эйр”
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мукофоти “High Technical On-Time Performance"-и “Boeing”-ро соҳиб шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ширкати “Boeing” имрӯз, 12 май бо зикри муваффақиятҳои “Сомон Эйр” дар рушди авиатсияи Тоҷикистон барои дастовардҳои техникӣ ба Евхенио Хайме Манзано, сарвари кулли он, мукофот додааст.
Манбаъ мегӯяд, “мукофоти “High Technical On-Time Performance” ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои омодагии саривақтии техникии ҳавопаймоҳо ҷиҳати иҷрои парвоз супорида мешавад”.
Евхенио Хайме Манзано иброз доштааст, ки “Сомон Эйр” аввалин ширкати ҳавопаймоие мебошад, ки аз ҷониби ширкати “Boeing” сазовори чунин туҳфа гардидааст ва минбаъ низ барои ба даст овардани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии парвозҳо кӯшиш хоҳад кард.
Дафтари матбуотии ”Сомон Эйр” мегӯяд, дорои ҳавопаймоҳои Boeing 737-300, -800 ва 900 буда, ҳоло ин ширкат парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҷаҳон, аз қабили Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва Казоқистон бомуваффақият амалӣ мекунад.