ҲХДТ дар бораи “ҳаёти пасипардагӣ, бесаводӣ ва пулхоҳӣ”-и Абдураҳмонов
Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан", қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, имрӯз, 12 май бо нашри як изҳорот истеъфои Исфандиёр Абдураҳмоновро аз мақоми раиси ин ташкилот шарҳ додааст.
Дар ин изҳорот, бо таассуф таъкид мешавад, ки “кафолати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ки масъулияти сарпарастии "Созандагони Ватан"-ро бар уҳда дошту исрор мекард, Исфандиёр Абдураҳмонов ҷавони кордону ташаббускор ва дар соҳаи тиҷорат фаъол аст, моро водор сохт, то ба таври истисно номзадии ӯро дастгирӣ кунем”. Ҷавонони ҳизби ҳоким гуфтаанд, ки дар интихоб хато кардаанд. Дар идома ҳаёти пасипардагии собиқ раисашонро ифшо кардаанд. “Озодагон” изҳороти Шӯрои ташкилоти "Созандагони Ватан"-ро бетағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунад:
"Посух ба иддаои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов
Даъвои собиқ раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов, ки ҳанӯз дар ин вазифа се моҳ фаъолият накарда, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ изҳороти бепояву бемояеро пахш кард, барои мо аъзои ин ташкилоти бонуфуз мӯҷиби ҳайрат буд. Нахуст матни изҳороти «раис»-и мустафъӣ саропо пур аз иштибоҳ буда, тамоми қоидаҳои сарфу наҳвро, ки ҳатто хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз он огоҳанд, поймол кардааст. Сониян камоли ҳамоқату ноҷавонмардист, ки бидуни маслиҳат бо мо, ҷавононе, ки ӯро ба маснади раисӣ интихоб намудем, ба ин иқдом даст занаду ба кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ки дар тафовут аз ӯ солҳои тӯлонӣ дар ин даргоҳ фаъолият намудаанд, лаънат хонад.
Аслан гирем, барои пешниҳоду интихоби ӯ мақомоти ҳизб ҳаргиз пофишорӣ накардааст. Роҳбарият ба тозагӣ баъди интихобот дар Анҷумани 12-уми ҳизб ба сифати муовинон ба кор омада буданд. Танҳо кафолати муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ки масъулияти сарпарастии «Созандагони Ватан»-ро бар уҳда дошту исрор мекард, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҷавони кордону ташаббускор ва дар соҳаи тиҷорат фаъол аст, моро водор сохт, то ба таври истисно номзадии ӯро дастгирӣ кунем.
Сад афсӯс, ки мо ба ин пешниҳод бовар карда, ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ додем, вале баъдтар фаҳмидем, ки ин ҷавони вазифахоҳу мансабҷӯ И. Абдураҳмонов сарнавишту зиндагии гуворо ҳам надоштааст. Тибқи маълумотҳо ду бонуро ба сифати ҳамсар сарсону саргардон кардааст. Оила ва хонаводаи солим низ надоштааст. Як бародараш ба туфайли қаллобӣ дар маҳбас нишаста, бародари дигараш ҳам бо фиребу найрангҳои молиявӣ дар пайгарди қонун қарор дорад. Бояд як чизро қоил шуд, Исфандиёр Абдураҳмонов дар моҳирона пинҳон кардани зиндагии пасипардагиаш хеле истеъдоди хуб дошта, ҳатто тавонистааст муовини раиси ҳизб Асрор Латифзодаро, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, аз собиқадорони соҳибтаҷрибаи бахши кадр аст, ба иштибоҳ андозад. Худ қазоват кунед, ки бо чунин ҳуққабозиҳо оё ӯ ҳаққи маънавӣ дорад, ки ба фаъолияти ҳизбу дастгоҳи он баҳо диҳад?
Гузашта аз ин хеле аламовар аст, ки ҷавонони ҳизб ҷиҳати таъсиси як созмон, ки ҳадафҳои созанда дорад, тӯли чандсолаҳо дастҷамъона заҳмат мекашанд, ҷиҳати фаъолу шинохта шудани он нерую дониши худро равона месозанд, вале як нафари тасодуфӣ, ки аз кӯчаи сиёсату одоб нагузаштааст, ҳанӯз кори назаррасе барои ин созмон анҷом надода, дар як лаҳза мехоҳад обрӯю эътибори онро ба замин яксон созад.
Дар соҳаҳои мухталифи давлативу ҷамъиятӣ, дар сохтмонҳои бузурги аср ашхоси сарсупурдае фаъолият доранд, ки солҳои сол барои беҳбудии вазъи ҷомеа ва некӯаҳволии халқ фидокорона меҳнат мекунанд. Онҳо ҳаргиз барои талошу заҳматҳои чандинсолаашон даъвои мансаб ва ё ҷоҳу манзалат накардаанд. Вале ниҳояти таассуф аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов ҳанӯз коре накарда, фаъолияти семоҳаашро бидуни баҳогузории дигарон, худ «фундаменталӣ» арзёбӣ мекунад ва аз ин кораш заррае шарм намедорад. Зиҳи хоксорӣ, ки мардум аз баршумурдани хизмати нимасраашон хиҷолат мекашанду ин ҷавони навхат бо сари баланд «хизматҳои фундаменталии семоҳааш»-ро, ки ба ҷуз худаш каси дигаре эҳсос накардааст, васф мекунад!
Бисёр устокорона аз рӯи масали «обрӯ хоҳӣ бо бузургон панҷа зан» амал намуда, ба муовини раиси ҲХДТ, доктори илм Раънои Бобоҷониён, ки бо се забон озод ҳарф мезанаду соҳиби ду дипломи олӣ аст, тӯҳмати пуч мебандад ва ӯро бо бадтарин бемории ҷомеа - «маҳалгароӣ» айбдор месозад.
Биёед сари ин чиз андеша кунем, ки чаро Исфандиёр Абдураҳмонов, ки касе нисбат ба ӯ дар дастгоҳи ҳизб ва Шӯрои «Созандагони Ватан» ҳисси кинаву бадбинӣ надошт, ба ин амали нангин даст зад? Нахуст гумони ғолиб ин аст, ки Исфандиёр Абдураҳмонов баъд аз шомил шудан ба ин созмон ва ба зимма гирифтани роҳбарии он ба зудӣ эҳсос намуд, ки иштибоҳ кардааст ва бори заҳмати ин созмонро бо донишу маърифати заифе, ки дорад, кашида наметавонад. Чун роҳи ақиб гаштан набуд, танҳо се моҳ тавонист ин вазифаи сангинро таҳаммул кунад ва ба хотири беобрӯ нашудан, ба дигарон лаънат хонда, ба истилоҳи худаш «истеъфо» дод.
Иллати дигари «истеъфо»-и раиси тозаинтихоб ин буд, ки ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» воқеан ҳам на ҷои пулу мол, ҷоҳу мансаб, балки ҷои заҳмату талошҳои пайваста ва корҳои созанда аст, ки аз ҳар узви он меҳнати сангин ва фидокорӣ талаб мекунад. Ин соҳибкори ҷавон, ки ҳадафи асосии раиси созмони бонуфуз шуданаш ҷамъоварии пулу мол буд, дарк кард, ки ҳосили ин вазифаи масъул ба ҷуз меҳнати холисона нест. Бале, ӯ хеле барвақт дарк кард, ки тираш хок хӯрдааст.
Мо аъзои созандагони Ватан ба дурустӣ дарк мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо ба раҳнамоӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии маънавию моддӣ ниёз доранд. Муттаҳид намудани ҷавонон алайҳи ҳама гуна амалҳои номатлуб, ҳушдор додани онҳо аз гароиш ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии диниву мазҳабӣ ва равона кардани нерую дониши онҳо ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ хеле муҳим аст. Созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» низ ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бояд бештар дар ҳамин самт фаъол бошад ва шурӯъ аз раёсат то ҳар як узви қатории он ба ҷои иззатталабиву дасисабозӣ даст ба амалҳои манфиатовар ва созанда занад.
Итминон дорем, ки собиқ раиси созмони «Созандагони Ватан» Исфандиёр Абдураҳмонов агар як зарра ақли солим дошта бошад, аз амали нангини худ пушаймон шуда, аз шӯрои ташкилоте, ки ба хотири сохтани ояндаи дурахшони Ватан бунёд шудааст, ҳатман узр хоҳад пурсид. Агар не пас:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!"
Ин изҳорот дар ҳолест, ки қаблан Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфт, бо нишони эътироз аз мақомаш истеъфо додааст. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, сабаби ин иқдомашро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" арзёбӣ кардааст: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.
Оқои Абдураҳмонов дар пайи тағйироти кадрии чанд моҳи қабл дар ҲХДТ соҳиби мақоми раиси “Созандагони Ватан” шуд. Ӯ Адҳамҷон Мирсаидовро иваз кард, ки дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гирифт.