Ҳадафи аслии баргузории нишасти мазкур - муайян кардани фаъолияти минбаъда дар ростои рушди босуботи таҳсилоти барвақтии кӯдакон дар Тоҷикистон тавассути таъсиси моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар сӯҳбати мизи мудаввар шарикони барномаи «Қадам ба қадам» аз «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский (Лаҳистон), намояндагони дастгоҳи президенти ҶТ, вазоратҳои маориф ва молия , намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф аз шаҳри Душанбе, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва директорони марказҳои озмоишии барнома иштирок мекунанд. Барои татбиқи ташаббуси «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ дар минтақаҳо» дар доираи лоиҳаи барномаи «Қадам ба қадам» моҳи сентябри соли 2011 намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ, шӯъбаву идораҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ барои таҷрибаомӯзӣ аз фаъолияти «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский ба ҷумҳурии Лаҳистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки лоиҳаи «Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар асоси ҷомеаҳо ҳамчун моделҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ» соли 2010 бо ҳамкории «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Я. А. Каменский, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазорати маорифи ҶТ шурӯъ шудааст.Гуфта мешавад, марказҳои ҷамъиятӣ - муассисаҳои ҷамъиятии тарбияи томактабӣ буда, барои таъмини ҳуқуқ ба таҳсилоти сифатноки кӯдакони аз 3-сола то 7-сола, ки бо сабабҳои гуногун ба боғчаҳои кӯдакона фаро гирифта нашудаанд, таъсис дода мешаванд.
Тибқи омори расмӣ феълан дар Тоҷикистон танҳо 7 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва аксаран дар деҳот кӯдакони синни томактабӣ аз ин муасссисаҳо дар канор мондаанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, барномаи «Қадам ба қадам»-и ИҶК-БМ дар Тоҷикистон аз соли 2003 лоиҳаи «Омода кардани кӯдаконро ба мактаб тавассути волидон» дар объектҳои озмоишии барнома роҳандозӣ мекунад.{jathumbnail off}