Убайдуллоев: Автобусҳо дар истгоҳ аз меъёр зиёд меистанд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 11 майи худ вазъи низоми воситаҳои нақлиёти мусофирбарро баррасӣ карда, дастур додааст, барои ронандаҳо либоси ягона роҳандозӣ шавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев вазъи низоми воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахтро нигаронкунанда хондааст. Раиси шаҳр гуфтааст, “ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд”.
Шаҳрдори Душанбе барои ҳалли ин мушкил Низом Ҳакимов, муовини худро муваззаф кардааст, то дар ҳамкорӣ бо корбарони фаъоли Фейсбук ба ин масъала расидагӣ намуда, барои роҳандозии либоси ягона миёни ронандагону кирогир (кондуктор)-он ва фаъолияти ҳамарӯзаи радиоҳои дохилинақлиётӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Инчунин, дар ин ҷаласаи Убайдуллоев вазъи роҳҳои пиёдагарду мошингарди кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баррасӣ шуда, ба вусъати корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии роҳҳои нақлиётӣ ва дохилимаҳаллаву шаҳракгузар бо истифода аз маблағҳои буҷаву хайри соҳибкорону сокинон таъкид шудааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пайи шикояти сокинони пойтахт аз бесифатии сафолакҳои роҳҳои пиёдагард Ашӯрбек Расулов, муовини аввали худро муваззаф кардааст, то ҳолати сафолакҳои тамоми роҳҳои пиёдагарду хиёбонҳои шаҳр таҳқиқ ва оид ба истифодаи намудҳои сафолакҳои ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ ва аз сангҳои ватанӣ истеҳсолшуда чора андешад.