ВКД: Ҷангиёни пушаймоншуда аз ҷавобгарӣ озоданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳузур дошта ва ҳоло пушаймонанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоияи кутоҳ дар сомонаи расмияш менависад, “ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд”.
ВКД меафзояд, чунин афрод метавонанд барои ба Ватан баргаштан бо телефони боварии вазорат +992-221–21-21 тамос бигиранд: “Мақомоти корҳои дохилӣ омодааст, барои баргардондани онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад”.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ 384 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд. Оқои Раҳимзода имрӯз, 11 май дар нишасти “Густариши тундгароӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ”, ки дар шаҳри Кӯлоб оғоз шуд, гуфт, аз ин теъдод, 40 нафар бо зану фарзандон ба он кишварҳо рафтаанд.
Дар гузашта низ бархе намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошта буданд, ки дар сурати пушаймон шудану ба Ватан баргаштани ҷавонони тоҷик аз Сурияву Ироқ онҳо авф шуда, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.