Маврид ба ёдоварист, ки санги нахустин барои сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 гузошта шуда буд ва то ин вақт мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар ба омўзиш, таҳқиқу тадқиқ ва омода кардани лоиҳаи он машғул буданд. Қайд кардан зарур аст, ки аз 100 миллион доллари пешбинигардида, 70 миллионаш аз ҷониби давлати Қатар ва 30 миллион аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад шуд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкати ватании «Сомон-сохтмон» анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид аз 800 то 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти аносири бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65 метра, гумбази 47 метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Тавре зикр гардид, дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.Ба иттилои мутахассисони соҳа, ин бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошўравӣ хоҳад буд.{jathumbnail off}