Кордзанӣ дар ҷанги гуруҳии тоҷикону озарҳо дар Маскав
Расонаҳои Русия аз ҷанги гуруҳии тоҷику озариҳо дар Маскав иттилоъ доданд, ки дар пайи он 5 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тавре расонаҳо аз қавли мақомоти умури дохилӣ иттилоъ додаанд, шаби 7-уми май дар назди қаҳвахонаи “Гибрис” дар кӯчаи Судостроител, бинои 29 миёни тоҷикону озарҳо муноқиша сар задааст: “Дар натиҷа 4 нафар аз зарби корд маҷруҳ шуда, як нафар аз қисмати сараш лат хӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин қазия бо моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.