Фолбин дар Суғд: Ҳаққи ман не, ҳаққи пирамро диҳед...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 52- солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки бо роҳи фолбиниву дуохонӣ ва сеҳру ҷоду ба барқарор намудани бахти ҷавонон ва дигар намуди табобат машғул будааст.
Кормандони ин ниҳод дар гузориши телевизионие аз дастгиршуда Баҳринисо Сатторова ном бурда, гуфтанд, гӯиё бо роҳи фолбиниву дуохонӣ ва сеҳру ҷоду ба дардмандон даво мебахшидааст: “Тақаллубкориҳои гумонбаршуда дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар шаҳраки Ғафуров сурат гирифта, бо шеваи маъмули фолбинӣ, бо истифода аз қартаҳои махсус ва дигар ашёҳои ғайриоддӣ гузаронида мешаванд”.
Дар гузориш гуфта шуд, боздоштшуда нишондод дод, ки талаби маблағ ва дигар маҳсулотро ба хотири розигии пирону бобоёнаш, ки гуиё ӯро баҳри анҷоми амалҳои сеҳргарӣ роҳнамоӣ мекунанд, иҷро кардааст. Худи Баҳринисо Сатторова гуфт, “гоҳ-гоҳ сокинон наздам меоянд, масалан кина даромадагӣ бошанд, дарди сар бошанд, табобат мекунам, ин аз авлоду аз пуштам мондагӣ”.
Ба таъкиди муаллифони гузориш сокинони зиёде “қурбони найрангоҳи ин зан шудаанд. Масалан, як сокини шаҳри Хуҷанд аз дарди пой ва сар назди ӯ шикоят кардааст, ки барои сиҳат кардан 2400 сомонӣ гирифтааст. Боз барои бозпас гардонидани зани як ҷавони 21-сола, ки қаҳр карда рафтааст, 1750 сомонӣ талаб карда, гирифтааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Баҳринисо Сатторова тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даст задан ба амалҳои тақаллубкорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.