Суҳбати Давлатзода бо Гутсу дар бораи барномаҳои FAO дар Тоҷикистон
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Виорел Гутсу, раҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар, ин вохурӣ зуҳри 7 май дар Душанбе баргузор шудааст.
Дар он раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои FAO дар Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.