Иршод СУЛАЙМОНӢ
Хитобаи раиси палатаи поёни Парлумони Тоҷикистон, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони тозаинтихоб дар ду ҷаласаи ин ниҳод, ки фаъол бошед, ҷойи нигаронии амиқ ва таҳлили ҷиддӣ дорад!
Парлумоне, ки 13 доктори илму профессор ва 16 номзади илм дорад дар баробари пазириши қавонин ва дигар созишномаву санадҳо хомӯш менишинанд. Ман гумон намекунам, ки ин ҳама вакил ҳарфе барои гуфтан надошта бошанд, хусусан замоне, ки номзад ва доктори илм мебошанд.
Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 29 апрел аз хомӯшӣ ва фаъол набудани вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд. Дар ин ҷаласа 6 масъаларо бе ягон суолу баррасӣ вакилон қабул карданд, ки Зуҳуров хитоб намуд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.
Ҳамин ҳолат ва вазъият доштани парлумони мо аз қабл пешгӯӣ мешуд. Замоне ки номзадҳои ҲНИТ ва ҲКТ интихоб нашуданд ва ё ба бовари аксари кулли соҳибназарон раъйи додаи мардум ба эътибор гирифта нашуд ва номзадҳои соҳибназару озодфикрро нагузоштанд вориди порлумон гарданд, ҳамин гуна руҳия доштани порлумони мо пешгӯишаванда буд.
Парлумон муҳим нест, ки аз вакилони якатафаккура иборат бошад, парлумон ҷойи баҳсу баррасӣ, ҷойи суҳбатҳои коршиносона, ҷойи шинохтани ҳақиқатҳо ва пазириши қонунҳои дурусту огоҳона мебошад. Чун аксари қавонин аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешаванд, табиист, ки дар ин қавонин манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст. Вазифаи вакилони парлумон аст, ки ба унвони намояндаи мардум дар мудирияти кишвар дар ин қонунҳои манофеи мардумро суроғ кунанд ва вориди қонунҳо намоянд.
Ба назар мерасад, аксари вакилоне, ки мансабҳои баланди давлатӣ доштанд ва доктори илм низ мебошанд аз вакил шудан норозӣ ҳастанд. Ё вакилоне, ки дар бахши машвараи давлат пешинаи фаъолияти зиёд доранд ҳам дар ин ҷаласаҳо хомӯшанд. Ин ҳолати аҷиби парлумони мо бисёр нигаронкунанда мебошад.
Виктор Янукович, раисҷумҳури собиқ ва фирории Укроин гуфта буд, “ман алакай шарм медорам, ки ба парлумон биравам, замоне, ки ба парлумон меравам ва аз парлумон хориҷ мешавам зарур мешавад, ки худамро табобат кунам”. Раиси ҷумҳур аз парлумони кишвараш ҳарос дошт. Дар мо баҳси раиси ҷумҳур ҷудост, вале вазирону муовинони вазир ҳам пеши вакилони мо бидуни ҳарос ва “шарм” ворид мешаванд. Зеро аз ҷониби вакилон ҳеҷ кадом вокуниш ва пешниҳодоту нуқтаназарҳои ҷиддие дар баробари қонуну лоиҳаҳое, ки онҳо рӯнамоӣ мекунанд, баён намешавад.
Ҳоло хеле зуд аст, ки тамоми фаъолияти парлумонро хулоса кунем, вале зарбулмасали мардумӣ ҳам дорем: “Гӯсолаи мешуданӣ аз почааш маълум”. Хомӯшии вакилон ва бидуни арзёбӣ қабул шудани масъалаҳо нақши парлумонро ба унвони як шохаи мустақили ҳокимият ва аз ҷониби дигар шохаи бисёр муҳим дар ниҳодина шудани демокросӣ камранг менамояд. Бо ин ҷасорате, ки мушоҳида мешавад метавонем бигӯйем, агар раиси феълии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, ки худ як фарди огаҳ аст, дар сафи ин вакилон набошад, ҷаласаҳои парлумон бисёр беруҳ ва бебаҳс мегузаранд.
Ҳарчанд ҳайатҳои парлумонҳои пешин низ чандон фаъол набуданд, вале вуҷуди вакилоне чун Суҳроб Шарифов, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков баҳсҳоеро дар ҷаласаҳо ба вуҷуд меовард. Ҳоло бо вуҷуди ду фраксия дар парлумон ин гуна баҳсҳо вуҷуд надоранд ва баъид аст, ки дар оянда ҳам бишавад. Хусусан баҳсҳои ҷиддӣ дар мавриди масоили ҷиддии давлату миллат. Ду ҳизби нав: сотсиалистҳо ва демкратҳо ҳам шомили парлумон шуданд. ҲХДТ, ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки аз пеш парлумонӣ буданд, акнун сафи ҳизбҳо ба 5 расид, вале ба назар мерасад, ҳамаи ин ҳизбҳо як мафкура ва як навъи бархӯрд ба масъалаҳоро доранд. Баъди ин гуна парлумони хап нуқтаназарҳо дар мавриди кисагӣ будани ҳизбҳои ворида тақвият меёбанд. Ва ба истилоҳи раиси ҲКТ ин ҳайат ҳамагӣ як қанотанд ва бо як қанот ҳамин қадар парвоз мекунанд.
Феълан, барои Тоҷикистон парлумони ба истилоҳ хап зарур нест. Мо дар вазъе қарор дорем, ки парлумон бояд бештар фаъол бошад. Баррасиҳои ҷиддӣ кор дорем ва муҳим аст, ки вакилон ҷасорат ва иродае дошта бошанд, ки мансабдорон, вазиронро ба парлумон даъват кунанд ва аз онҳо барои фаъолиятҳои нокофияшон гузориш талаб кунанд. Масалан ду раиси Бонки миллӣ барои камбудҳои бисёр ҷиддӣ дар корашон аз мансаб сабукдӯш мешаванд, вале парлумони мо на дар гузашта ва на ҳоло онҳоро даъват намекунанд, ки “биё пеши мардум посух бигӯй, ки чаро чунин мекунед?!” Мисли ин садҳо мансабдори дигар дорем, ки ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ медиҳанд, вале ҳеч надидем, ки ба парлумон даъват шаванд ва вакилон аз онҳо суолу дархост кунанд.
Ҳоло парлумони мо ҳеч нақши назоратие бар ҳукумати иҷроия надорад. Аслан парлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон парлумони қобили баҳс нест. Вале дар доираи салоҳият ва ваколате, ки дорад, агар парлумони мо фаъол бишавад ва ҳарфи мардум, мушкили мардумро дар қонунҳо ифода кунад ва ба баҳси вазирону роҳбарон бигузорад, хеле ҳарфи ҷиддист. Вагарна вазифаи онҳо танҳо аз расондани нуктаҳои паёми ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон ба интихобкунадаҳо иборат мебошаду хайр!
Дар ҷаласаи аввалини парлумони тозаинтихоб, Президенти кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон гуфт: “Парлумон ҷойи тақсимоти молу мулку мавод нест. Парлумон пеш аз ҳама масъулияти баланд ва касбии ҳар як вакил дар қабули ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар як узви парлумон бояд масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам дар ҷодаи ҳимояи манфитаҳои милливу давлатӣ дошта бошад. Парлумон бениҳоят бояд фаъол бошад. Ҳар шахси мансабдор, аъзои ҳукумат, аз президенти малакат сар карда дар назди парлумон ҳисоботдиҳанда аст. Яъне парлумон ҷойи баҳс аст”.
Дар ҳақиқат парлумон ҷойи баҳс аст, ҷойи баҳсҳои ба хотири манофеи миллат ва давлат. Вале парлумоне, ки дар натиҷаи муҳандисии интихобот сари кор меояд ва камтар бар асоси ирода ва раъйи мардум гузида мешавад, наметавонад ҷойи баҳс бошад. Парлумоне, ки вакилонаш на бо дағдағаи доштани паём ва ҳарфе барои гуфтан вориди он шудаанд, балки бештар аз мансабҳои давлатӣ ба ин макон бадарға гардидаанд, наметавонад аз мансабдорон ва Президент гузориш тақозо намояд. Парлумони феълӣ иштироки мардумро дар мудирияти ҷомеа таъмин карда натавониста истодааст. Шояд натавонад. Вакилони арзанда ва шоиста дар миёни 63 вакил зиёд аст, аммо руҳияи умумии парлумон барои баҳс ва баррасӣ созмон нашудааст. Вале як чиз мусаллам аст, ки мо ба парлумони хубтар ва фаъолтар ниёз дорем, ҳоло ки оғози кори парлумон аст талош бояд шавад, ки ҳамин ниёз бароварда гардад.