Ҷавони тоҷик дар одамрабоӣ ва талаби 5 миллион айбдор мешавад
Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як ҷавони 20-солаи тоҷик хабар додааст, ки дар одамрабоӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотии Русия, ки 7-уми май нашр шудааст, боздоштшуда ҳамроҳ бо афроди то ҳол барои тафтишот номаълум дар маҳаллаи Октябрски ноҳияи Любертси вилояти Маскав як шаҳрванди 36-соларо рабуда, барои раҳоияш 5 миллион рубл талаб кардаанд: “Рабояндагон бо ду мошин ба ҷое, ки мошини ҷабрдида меистод, омада, ӯро латукӯб ва ба нишастгоҳи ақиби мошин партофта, бо худ бурдаанд. Ҷабрдидаро дар гараж ҷо карда, 1600 доллар ва 140 ҳазор рублашро гирифтаанд. Сипас барои раҳоияш 5 миллион рубл талаб кардаанд, вале баъдан ба ҳамзисти рабудашуда занг зада, гуфтаанд, 1 миллион рублро фавран пардозад. Зимни гирифтани 1 миллион рубл ҷавони 20 солаи тоҷик боздошт шудааст”.
Кумитаи тафтишотӣ афзуд, ки бо қарори додгоҳ ҷавони тоҷик ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, таҳқиқи парванда ва амалиёт барои муайян намудани шахсияти дастандаркорони дигари қазия идома дорад.