Талоши боздошти зани сершавҳар, ки бо тоҷикон никоҳ карда, ба Сурия мефиристодааст
Мақомоти Тоҷикистону Русия дар талоши боздошти як зане ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёдро ба доми худ афтонда, баъди ду рӯзи никоҳ ба Сурия мефиристодааст.
Тавре Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7 май дар мулоқот бо Фаррух Шарипов, тоҷики баргашта аз Сурия изҳор доштааст, зане, ки Фаррухро ба доми худ афтонда, аз Маскав ба Туркия ва аз он ҷо ба ҷангҳои Сурия равон кардааст, ба ҳамин зайл бо садҳо нафар дар Русия ақди никоҳ баста, баъди ду рӯзи ҳамзистӣ ба Сурия равон мекардааст. Ба гуфтаи вазир, феълан Тоҷикистону Русия барои боздошти ин зан ҳамкорӣ доранд.
Фаррух Шарипов, сокини 25-солаи Хуҷанд, яке аз фиребхӯрдаҳо аз дасти ин зан, ки аз ҷангҳои Сурия тариқи Туркия 6 май ба Ватан баргаштаст, дар Душанбе аз ваҳшонияту бераҳмиҳои созмони ба ном “Давлати Исломӣ” нақл карда, гуфт, бисёр аз ҷангҷӯёни ин созмон, аз ҷумла тоҷикон орзуи берун рафтан аз ҳайати онро доранд, аммо имкон нест, чун ҳар нафареро, ки аз бозгашт ба Ватан суҳбат мекунад, масъулини “Давлати Исломӣ” қатл мекунанд.
Тавре ВКД аз қавли Фарух Шарипов хабар медиҳад, ӯро нафарони махсус ба воситаи давлати Туркия ба сарҳади Сурия ворид намуда, ба дасти афроди силоҳбадаст супоридаанд. Дар он ҷо шиносномаашро аз ӯ гирифтаанд, чӣ тавре худ иброз намуд, баъди ҳамон рӯз дигар шиносномаашро надидааст. Ӯ дар як хона ҳамроҳи 27 нафар, аз ҷумла як тоҷик ва як доғистонӣ зистааст ва шоҳиди он шудааст, ки 3-4 "ҷиҳодӣ"-и озарбойҷониро афроди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" бе ягон таҳқиқ, бо тӯҳмати он ки гӯё Аллоҳро дашном додаанд ва ё ҷосуси курдҳо будаанд, дар пеши чашми ӯ бо иттиҳоми "хавориҷӣ" сар буриданд.
Фаррух Шарифов, ки арабиро кам-кам медонад ва ҳамчунин аз аҳкоми шариати исломӣ ва мазҳаби ҳанафӣ огаҳӣ дорад, сари ин мавзӯъ бо шариконаш вориди баҳсҳо шудааст. Ӯ иброз намуд, ки дарси аввалини онҳо аз «Ширк чист?» шурӯъ гардида, Имоми Аъзам Абу Ҳанифаро такфир бароварданд ва гуфтанд, ки ӯ «хавориҷ» аст. Баъди шунидани ин суханҳо ман гуфтам: Аз чор се ҳиссаи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Ҳанафия аст ва магар онҳоро куштан лозим аст?
Дар ҷавоб гуфтанд, ки «Мо ин давлатро бо хун сохтагием» ва Ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) дар ҳадисҳои хеш гуфтааст: Ман он пайғамбаре мебошам, ки бо буридан (сарбурӣ) омадаам». Баъди шунидани ин суханҳо ман ба даҳшат афтодам ва бо худ гуфтам «Ислом дар хонаи ман – дар Тоҷикистон буд, мани аблаҳ ба куҷо ғалтидам».
Шарипов илова намудааст, ки "аз омадани худ пушаймон, ба ғаму андӯҳ афтодам ва оби дида кардам. Ба Абдулфайз ном ёрдамчии Амири Нақиб хоҳиши баргаштанамро иброз карда, гуфтам, ки модарам ба мушкилӣ дучор гардидааст, маро ҷавоб диҳед биравам, вале ӯ гуфт, «Бигузор ҳамаи падару модар, зану фарзанд, қурбон шаванд, мо барои Хилофат мубориза мебарем". Баъди ин, ҳамфикр ва шарик мекофтам, ки як илоҷ карда, ба Ватан, ба назди модар ва зану писарам баргардам. Ба воситаи интернет ба Умед ном дӯстам дар тамос шудам, ки шиносномаи дар хона мондаамро аз дасти модарам гирифта, ба ман дастрас намояд. Хулоса, бо сад азобу машаққат ва ҷаҳду талошҳо ба Ватан баргаштам ва ҳеҷ бовариам намеояд, ки боз дар назди ҳамватанон ва бародаронам ҳастам. Дар хотима як чизро гуфтан мехоҳам, ки ман дар дузахи рӯи замин будам ва фаҳмидам, ки ҷаннати рӯи замин - Тоҷикистон аст!"
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, садҳо ҷавони тоҷик, аз ҷумла 40 хонаводаи тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд ва дар ин робита 150 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки дар сурати пушаймонӣ ва бозгашти тоҷикони фиребхӯрда аз ҷангҳои хориҷӣ онҳо мавриди афв қарор мегиранд.