Хушқадам Хисравов ва панҷ паҳлавони тоҷик ба Қазоқистон рафтанд
Шаш гуштигири тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии самбо ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Таимбет Комекбоев ба Қизилурдаи Қазоқистон сафар кардаанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин сабқат Акмалиддин Каримов, Бобоҷон Зоиров, Бахтовар Каримов дар вазни 57 кг, Хушқадам Хисравов дар вазни 62, Саидмуъмин Шомаҳмадов 100 ва Салимбек Салимбеков дар вазни бештар аз 100 кило қувваозмоӣ мекунанд.
Сабқати мазкур 8 ва 9 майи соли равон дар вилояти Қизилурда баргузор шуда, дар он варзишгарони 25 кишвар иштирок хоҳанд кард. “Пас аз анҷоми мусобиқаи самбо сабқати гӯштии миллии қазоқии “курес” дар вазни мутлақ доир мегардад. Ғолиби ин сабқат бо мошини сабукрави “Toyota Prado” сарфароз мешавад”,-меафзояд манбаъ.