“Бигу магу”-и вакилони афғон ва даъват аз раисҷумҳуру раиси иҷроия (ВИДЕО)
Намояндагони парлумони Афғонистон хостори ҳузур ва посухгӯии раиси ҷумҳур ва раиси иҷроияи ин кишвар дар робита ба ноамниҳои ахири 9 вилоят, дар порлумон шудаанд.
Дар маҷлиси рӯзи чоршанбеи шашуми май, бархе аз намояндаҳои мардумӣ шуморе аз ҳамкорони худро дар ҳамкорӣ бо Толибон мутаҳҳам кардаанд. Бино ба иттилои расонаҳо, ин гуруҳ бар ин боваранд, ки чанде аз намояндаҳои парлумон захмиёни толибро ба бемористон ва хориҷ аз кишвар интиқол медиҳанд. Абдулвадуд Паймон, намояндаи парлумон аз вилояти Қундуз аснои суханрониаш гуфта, “ман вакилеро мешиносам, ки захмии Толибро ба Покистон бурдаву тадовӣ кардааст. Вакилеро мешиносам, ки маоши худро ба Толиб равон мекунад”.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз намояндаҳо иддао кардаанд, дар ҳузур пайдо кардани гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” дар Афғонистон мақомдорони афғон даст доранд. Абдулраҳмон Раҳмонӣ, намояндаи Балх дар парлумон, Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти милли Афғонистонро дар ин қазия мутаҳам кардааст. Ин вакил гуфтааст: “Ман санад дорам сари оғои Атмар, ман садояшро сабт дорам, ки ДИИШ-ро дар Афғонистон кӣ овард. Ман аз ӯ пурсон ҳам кардам. Мегӯяд маслиҳат нест. Куштани бачаи афғон маслиҳат аст. Вайрон кардани хонаи афғон маслиҳат аст. Аммо, ифшо шудани номи омилони ҷанг маслиҳат нест”.
ВИДЕОИ гузориш аз маҷлиси дирӯзи парлумони Афғонистон
Ба дунбол, вакилон тақозо кардаанд, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ба парлумон биёянд ва перомуни вазъи ахир суҳбат кунанд. Чанд рӯзи ахир, Толибон дар 9 вилоят пешрафти қобили мулоҳизае доранд, аз ҷумла дар Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон. Гуфта мешавад, бештар аз 65 дарсади ин вилоят ҳоло зери тасарруфи Толибон қарор дорад.