АКС: Ҷоизаи “Симурғи булурин”-и Марат Орифов дар ҷашнвораи Фаҷри Эрон
Марат Орифов, ҳунарманди маъруфи тоҷик дар 33- умин ҷашнвораи филми Фаҷр дар Эрон ҷоизаи “Симурғи булурин”-ро гирифтааст.
Барои аввалин бор бахши байналмилалии ин фестивал аз 26 апрел то 2 май дар Теҳрон баргузор шуд. Ҳайати доварони ҷашнвора ҷоизаи беҳтарин нақши мардро барои иҷрои нақши як омӯзгор дар филми “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов ба Мурод Орифов додааст. Ин ҷоизаро Носир Саидов ҳамроҳ бо Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон дар манзили зисти Орифов ба ӯ тақдим намудаанд. Гуфта мешавад худи Мурод Орифов дар ин ҷашнвора ширкат надошт.
Мурод Орифов, ки нақшҳои Рӯдакӣ ва Абуалӣ Синоро низ дар синамо бозидааст ҳоло 80 сол дошта, ба BBC гуфтааст, ки “интизор надоштам, ки ба ин филм ҷоиза дода мешавад. Гумон мекардам, ки як филми одӣ аст”.