Даъвати Оҷонсӣ аз ҷабрдидагони “писарони мансабдорҳо”
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар мубориза бо қонуншиканӣ, аз ҷумла қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби фарзандони мансабдорон ё аз номи онҳо аз ҷониби афроди қаллоб содир мешаванд, фаъол бошанд.
Ин ниҳоди тобеи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афроде, ки аз дасти фарзандони мансабдорон ё онҳое, ки аз номи онҳо баромад мекунанд ва ҷабр дидаанд, хостааст, бо рақамҳои 221 45 49, 221 48 10 ва 234 65 78 ба Агентии зидди фасод муроҷиат кунанд.
Ин даъвати Оҷонсӣ дар пайи ифшои қаллобии як наврас дар Душанбе садо дод, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз як шаҳрванд 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.