Тоҷику узбак дар қатли тоҷир бо хонаводааш муттаҳам мешаванд
Раёсати тафтишотии вилояти Калугаи Русия, имрӯз, 6-уми май бо нашри як иттилоия аз боздошти шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон ва зодаи 46-солаи Узбакистон иттилоъ дод, ки дар қатли хонаводаи як тоҷири 64-сола аз Маскав муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ҷасади тоҷир, ҳамсари 64-сола ва модари 89-солааш 5-уми май аз таҳхонаи бустонсарояшон дар маҳаллаи “Ковчег”-и ноҳияи Жуковски Калуга дарёфт шудааст: “Дар пайи омӯзиши ҷои ҳодиса ва корҳои тафтишотӣ муттаҳамон дар истгоҳи роҳи оҳани Қазони Маскав боздошт шудаанд”.
Мақомоти Русия мегӯянд, муайян шудааст, ки шаҳрванди Узбакистон дар бустонсарои қатлшудагон кор мекардааст ва аз соати 19:00-и 2-юми май то соати 22:00-и 3-юми май бо шарики тоҷикистонияш соҳибхонаҳоро бо корду ресмон кушта, маблағу амволи қимматбаҳояшонро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ба гуфтаи Раёсати тафтишотӣ муттаҳамон дар ҳоле боздошт шуданд, ки ният доштанд тариқи роҳи оҳан қаламрави Русияро тарк кунанд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.