Ҳукми эъдоми 4 мард барои қатли Фархунда
Додгоҳи Кобул, имрӯз, 6-уми май чаҳор мардро ба ҷурми иштирок дар қатли Фархунда ба марг маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон, ҳамчунин 8 нафари дигар барои 16 сол равонаи зиндон ва 18 каси дигар бегуноҳ эълон шудаанд. Дар парвандаи қатли Фархунда номи 50 мутаҳам омадааст, ки 19 нафари онҳо пулис мебошанд. Вале, додгоҳ то кунун дар бораи кормандони пулис, ки ҳангоми ҳодиса дар маҳал ҳузур доштанд, ҳукм содир накардааст.
Фархунда, як духтари 27- солаи афғон аст, ки рӯзи 19-уми март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд. Вале дар пайи тафтиши ин қазияи пулиси Кобул эълон кард, Фархунда Қуръонро насӯзондааст.