Суғд аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ хабар дод
Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пеш аз муҳлат иҷро кардаанд.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, 5 майи соли равон нақшаи даъват 100 дарсад иҷро шудааст: “Моҳҳои апрел-майи соли равон дар ҳудуди вилоят шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд, инчунин, шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуданд”.
Аз ин пеш, шаҳри Душанбе низ эълон кард, нақшаи даъват ба артишро қабл аз муҳлат иҷро кардааст.