Раиси нави Бонки миллӣ: Танзими қурби асъор вақту нерӯ мехоҳад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси нави Бонки миллӣ, имрӯз, 6 май дар назди вакилони парлумон, ки таъиноташро ба ин мақом тасвиб намуданд, ваъда дод, тамоми нерӯяшро барои ба эътидол овардани қурби асъор дар бозори нақди кишвар равона хоҳад кард.
Ба қавли Нурмаҳмадзода, номуътадилиҳои ахир дар бозори нақди Тоҷикистон ба омилҳои берунӣ, аз ҷумла буҳрон дар Русия ва таҳримҳои Ғарб рабт дорад. Ӯ афзуд, барои ба эътидол даровардани вазъ дар бозори асъор вақт ва нерӯ лозим аст. Раиси Бонки миллӣ аз ҷумла омилеро зикр кард, ки метавонад боиси устувории пули миллӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи апрел воридоти маблағ аз хориҷ нисбати моҳи март афзоиш ёфтааст: “Мо аллакай барои танзими бозори асъор гуруҳи махсуси кориро таъсис дода, чораҳои заруриро андешида истодаем ва умедоворем, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меорем”.
Дар мавриди бастани саррофиҳои хусусӣ раиси нави Бонки миллӣ гуфт, дар кишвар тақрибан аз 1500 нуқтаи мубодилаи асъор аст, ки 800-тои он хусусиянд ва аллакай бисёрашон дар назди бонкҳо ба фаъолият оғоз кардаанд: “Мо ин масъаларо меомӯзем. Феълан, бонкҳои кишвар саррофиҳои худро ташкил додаанд, ки фаъолият доранд”.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз фаъолияти Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мақомҳои муовини вазири молия ва муовини раиси вилояти Суғд ситоиш карда, дар симмати нав барои ӯ муваффақият хост. Раиси палатаи болоии парлумон дар хитоб ба Нурмаҳмадзода илова кард, “ноустувории пул ва болоравии нархҳо мардумро ба изтироб овардааст, умед дорем, Шумо ин масъаларо ҳал хоҳед кард”.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми раиси “Амонатбонк” барканор ва раҳбари нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳур муовини аввали раиси Бонки миллӣ таъин гардид.