"Мушовир"-и Обама: Мавъизаи руҳониёни тоҷикро мақомот назорат мекунанд
USCIRF - Комиссияи амрикоӣ оид ба озодии байналмилалии динӣ аз Вашингтон хостааст, Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кунад.
Ин комиссия, ки ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад, маслиҳат додааст, ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварда шавад, то қонунгузории худро дар робита ба озодии динӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалӣ ба роҳ монад.
USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 30 апрел нашр гардидааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст: “Ҳукуматдорон дар Тоҷикистон риш, либоси динӣ, синну соли зоирон, мавъизаи руҳониён, таълими динӣ ва руҳониёнро зери назорат гирифтаанд”.
Ин комиссия басташавии масҷидҳоро дар Тоҷикистон зикр карда, афзудааст Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки ба масҷид рафтани афроди то 18-соларо манъ кардааст. Ба гуфтаи Комиссия дар бисёри ҳолатҳо мунаққидони ҳукумат ба экстремизм муттаҳам мешаванд ва ба баҳонаи саркӯби ифротгароӣ ҳуқуқи диндорон нақз мешавад.
USCIRF Шӯрои уламои Тоҷикистонро “нимарасмӣ” ва дастнигари мақомот арзёбӣ намудааст.
Ин комиссия ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, бо вуҷуди аҳамияти стратегии шарикӣ бо Тоҷикистон ба Душанбе фишор биёрад, то аз нақзи озодиҳои динӣ ҷилавгирӣ кунад: “Кӯмак ба Тоҷикистон ба шарте ироа шавад, ки мақомоти он иқдом барои риояи озодиҳои диниро пеш гиранд”.