Худкуши бевазани 28-сола дар шимоли Тоҷикистон
Як сокини 28-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо роҳи худовезӣ ҷонашро ба ҷонофарин таслим кардааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Озодагон” гуфт, ин бевазан рӯзи 3 май дар манзили волидонаш худро овехтааст: “Феълан иллатҳои даст ба худкушӣ задани ӯ муайян мешавад”.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шурӯъ аз оғози соли равон зиёда аз 10 сокини вилояти Суғд худкушӣ карданд.