Убайдуллоев барои “Ғалаба” ва “Автобус-3” сардор меҷӯяд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ - истироҳатии “Ғалаба”-и пойтахт озмун эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ин озмун аз 4 май то 4 июни соли равон идома хоҳад кард: “Ҷамъбасти озмун то 9 июни соли 2015 эълон хоҳад шуд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, довталабони курсии раҳбарии Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии ҷангал ва боғи маданӣ - истироҳатии “Ғалаба” бояд барои иштирок дар озмун ба номи раиси шаҳр ариза пешниҳод кунанд.
Инчунин шаҳрдори Душанбе барои ишғоли вазифаи директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”-и пойтахт озмун эълон кардааст.
Ин озмун низ аз 4 май то 4 июн соли равон идома ёфта, довталабоне ҳаққи ширкат доранд, ки маълумоти олӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошад: “Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 12 майи соли 2015”.