Руҳулло Ҳакимзода раиси “Амонатбонк” шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор Ҳакимзода Руҳулло Абдуғаниро раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Амонатбонк” таъин кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии президенти кишвар хабар медиҳад.
Ҷаноби Ҳакимзода, ки то ин вақт муовини аввали раиси ин бонк буд, дар ин симмат Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро иваз намуд, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии Бонки миллии Тоҷикистонро бар уҳда гирифт.