Худкушии ду мард тайи ду рӯз дар як ҷамоати Рӯшон
Тайи ду рӯзи ахир дар ҷамоати марказии ноҳияи Рӯшон ду мард даст ба худкушӣ задаанд.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ҳодисаҳои худкушӣ дар ду деҳаи тарафи водии Бартанг, ки яке аз маркази Рӯшон 10 ва дигаре 15 километр фосила доранд, рӯзҳои 2 ва 4 май сурат гирифтааст: “Ҳар ду нафар, ки яке дар оғил ва дигарӣ дар пеши хонааш худро овехтааст, мардҳои тақрибан 50-сола ва падарҳои серфарзанд будаанд. Феълан, сабаби даст ба худкушӣ задани онҳо маълум нест”.
Дар гузашта бештар аз ҳодисаҳои ба ҷони худ қасд кардани сокинон дар шимоли кишвар хабар мерасид. Дар ин авохир чунин хабарҳо аз дигар минтақаҳои кишвар ҳам паҳн мешаванд.