7 парвандаи ҷиноӣ барои “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиш ҳарчанд коҳиш ёфта, аммо ҳанӯз пурра аз байн нарафтааст.
Тибқи иттилои Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе аз аввали соли равон 7 парвандаи ҷиноӣ барои зӯроварӣ нисбат ба наваскарон ё “дедовшина” ба суд ворид шудааст: “Дар пайи баррасии ин парвандаҳо аз ҷумла Аслиддин Абдуллоев, Муродҷон Баҳромов, Фазлиддин Умаров бо моддаи 373 қисми 2 ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон шудаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ин афрод дар хидмат ба латту кӯби наваскарон даст задаанд, ки бо зарари миёнаю вазнин ба саломатӣ анҷом ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки “дедовшина” яке аз омилҳои асосии гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ арзёбӣ шуда, дар шабакаи интернет наворҳои зиёди зӯроварӣ нисбати наваскарон чарх мезананд, ки ба гуфтаи муаллифон дар артиши Тоҷикистон сабт шудаанд.