Иҷрочии суд дар гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар пора муттаҳам мешавад
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон иҷрочии Суди иқтисодии вилояти Суғдро бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт намудааст. Дар ин бора дафтраи матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода, афзуд, дастгиршуда аз рӯи ҳалномаи суди иқтисодии вилояти Суғд, аз 18 феврали соли 2009, оиди аз соҳибкори инфиродӣ шаҳрванд “А”, ба манфиати “Бонки Эсхата”-и Хуҷанд руёнидани маблағи қарзии 18544,44 доллар, аз ҳисоби фурӯши амволи ба гарав гузошташуда (хонаи истиқоматӣ) истеҳсолоти иҷроро оғоз намудааст.
Ба иттилои манбаъ, иҷрочии Суди иқтисодии вилояти Суғд аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2015, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавобгар “А” даромада, бо баҳонаи кашола додани тариқи музояда ба фурӯш набаровардани хонаи истиқоматиияш аз ӯ тавасути шаҳрванд “Б”, дар ҷанд ҳолат маблағи умумии 10140 долларро тасарруф намудааст: “Ӯ ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд “А” дасгир карда шуд”.
Оҷонсӣ мегӯяд, нисбати гумонбаршуда, бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.