Саҳмдорони Роғун дар Душанбе ҷамъ меоянд
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, 22 май дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор мегардад.
Ба иттилои ин ниҳод дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун» ҳисоботи барои соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин интихоби аъзои Шӯрои нозирони НБО «Роғун», интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва аъзои Комиссияи баҳисобгирии НБО «Роғун» баррасӣ хоҳанд шуд.
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.
Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ низ бо нашри 12 гузориши ниҳоияш дар бораи Роғун аз ин лоиҳа ҳимоят карда, онро камхарҷтарин роҳи таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ арзёбӣ кард.
Фурӯши саҳмияҳои Роғун моҳи январи соли 2010-ум оғоз гардида, дар маҷмуъ ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия фурӯхта шуда буд. Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳҳомони оддии ҶСК «НБО Роғун»-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ- саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар арзёбӣ мешуд.