Маҳкумияти 3 мансабдор барои бо зӯр фиристодани беморон ба хидмат
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе се масъули комиссариатҳои ҳарбии навоҳии тобеи марказро барои маҷбуран фиристодани ҷавонони бемор ба хидмати ҳарбӣ маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод комиссари ҳарбии ноҳияи Ҷиргатол -- Сафаров ва сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳамин ноҳия -- Долиев маҷбуран ҷавонон -- Собирҷон Аминов ва Абдуваҳоб Ғуломовро, ки саломатиашон ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ набудааст, ба хидмат фиристодаанд.
Манбаъ мегӯяд, чунин як ҳолати дигар дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст, ки сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии ноҳия -- Исматов бо зурӣ ба хонаи як сокин ворид шуда, фарзандашро ба хидмат фиристодааст. Дар ҳоле ки ба иттилои додгоҳи ҳарбӣ саломатии ин ҷавон барои хидмат номувофиқ будааст.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки масъулини зикршуда барои сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, сохтакории хидматӣ ва қаллобӣ маҳкум шудаанд.