Мулоқоти намояндаҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба қазияи қочоқи симоб
Мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, имрӯз, 2 май намояндаҳои бахши марбут ба сарҳади давлатии ин кишвар ва Тоҷикистон дар як мулоқот қазияи боздошти 7 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули се афсари Оҷонсии зидди маводи мухаддирро баррасӣ хоҳанд кард.
Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар суҳбат ба бахши русии “Озодагон” гуфтааст, дар ин дидор инчунин масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Қирғизистон матраҳ мешавад.
Ба қавли Борубоева, шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон дар вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 кило симоб муттаҳам мешаванд: “Ба маълумоти пешакӣ симоб аз ноҳияи Айдаркени вилояти Боткен оварда шудааст”.
Ӯ мегӯяд, дар робита ба ин қазия се шаҳрванди Қирғизистон ҳам дастгир шудаанд. Инчунин гуфта мешавад, маъмурони интизомии Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро бо иттиҳоми қочоқ дастгир ва ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бурдаанд.