Дар Душанбе чолишҳои нав дар соҳаи озодии расонаҳоро ба баҳс мекашанд
Дар шаҳри Душанбе бо баргузории конфронси ҷумҳуриявие аз Рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил мекунанд.
Ин конфронс “Чолишҳои нав дар соҳаи озодии ВАО дар Тоҷикистон” унвон дошта, имрӯз, 2 май дар Кохи “Ваҳдат” доир мешавад.
Ташаббускорони ин конфронс таҳлили дастовард, мушкилот ва пешомадҳои ВАО дар Тоҷикистон тайи як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишварро аз ҳадафҳои аслии ин ҳамоиш унвон мекунанд. Конфронс бо ибтикори Анҷумани миллии ВАО-и мустақил, Шӯрои ВАО, Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари САҲА, Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ, Филиали Интернюс Нетуорк ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон созмон ёфтаст.
Ҳамасола 3 май ба унвони Рӯзи байналмилалии озодии баён таҷлил мешавад. Ахиран, Созмони Freedom House ё “Хонаи Озодӣ” рейтинги ҳамасолааш дар мавриди озодии баён дар ҷаҳонро нашр кард ва Тоҷикистонро миёни 199 кишвари ҷаҳон дар мақоми 179-ум нишонд. Ин мақом ба қатори кишварҳои “ноозод” шомил мешавад. Дар ин раддабандӣ Қирғизистон ҷойи 148-ум, Қазоқистон-185 ва Узбакистону Туркманистон ҷои 197-умро ишғол мекунанд.