Корикатуристи “Шерлӣ Эбдо”: Дигар паёмбари Исломро корикатура намекунам
Юрий Лоз, корикатуристи маҷаллаи “Шарли Эбдо” эълом кардааст, аз ин пас дигар аз паёмбари Ислом корикатура намекашад. Дар ин бора шабакаи ҷаҳонии “Евронюз” хабар дода мегӯяд, оқои Лоз ин тасмимашро шарҳ надодааст.
Охирин корикатураи вай дар бораи Муҳаммад (с) дар аввалин шумораи баъди ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дафтари “Шарли Эбдо” дар шаҳри Пориси Фаронса, ки 12 кушта бар ҷо гузошт, нашр гардида буд. Ин корикатура “Ман Шарли Эбдо” ном дошта дар саҳфаи аввали маҷалла чоп шуд.
Маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли эбдо”-и Фаронса бештар ба нашри корикатураҳо машғул буда, барои нашр кардани корикатураҳои тавҳиномез борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.