Барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ чанд вақт лозим аст?
Гулҷаҳон ҚОДИРОВА
Дар мавриди бемасъулиятии бархе кормандони ниҳодҳои давлатӣ борҳо аз корафтодаҳо шунида будам. Мегуфтанд, барои як имзо ё ҳуҷҷат шаҳрвандонро рӯзҳову ҳафтаҳо сарсон мекунанд. Аммо ахиран худам шоҳиди хунукназарию бемасъулиятии масъулин шудам.
Чанде пеш, аниқтараш 24 феврали соли ҷорӣ барои гирифтани шиносномаи нави тоҷикӣ (бо сабаби гум шудани он) ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии ШКД-и шаҳри Кӯлоб ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зиёде аз қабили гувоҳнома оид ба макони зист, гувоҳномаи оиладорӣ, нусхаи хатти ЗАГС, рақами мушаххаси андозсупоранда, гувоҳнома аз ШКД-ро омода намуда, маблағи ҷуброни гум кардани шиносномаю пули муқарраршуда барои гирифтани шиносномаи навро ба филиали “Амонатбонк” супоридам. Ин санадҳоро, ки барои омода намуданашон як рӯз сарф шуд, ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирӣ пешниҳод намудаму рӯзи оянда баъди навбатпоиҳои тӯлонии рӯзи сарди пурбарф хабар доданд, ки баъди ду ҳафта метавонам омада шиносномаро бигирам. Он чи дар вақти навбатпоӣ шоҳид будам, қиссаи дигар аст, ҳар панҷ дақиқа ҷангу ҷанҷолҳои корафтодаҳо, ки навбаташонро нафаре бо “тағобозӣ” мегирад ва муносибати дағалонаи кормандон мавзӯи ин матлаб нест.
Аз корманде, ки изи ангуштону аксамро барои шиноснома гирифт, пурсидам, ки чун дар шаҳри Душанбе кор мекунаму наметавонам ду ҳафта ин ҷо интизор бимонам, оё мешавад, нафаре аз аъзои оилаамон омада, ҳуҷҷатро бигирад? Он корманд гуфт, ки “бемалол, назди худам фиристед, худам корро ҳал мекунам”. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ шиносномаи ман бояд дар 17 март омода мешуд ва ман дар ин сана модарамро барои гирифтани шиноснома фиристодам. Он рӯз ба модарам гуфтаанд, ки ҳанӯз омода нашудаасту ҳафтаи дигар биёяд. Ҳафтаи дигару ҷумъаи оянда ва ҳафтаҳои бешумори дигар паи ҳам гузаштанду аз шиносномаи ман хабаре набуд. Вақте бори охир ба модарам занг зада пурсидам, ки чӣ шуд, бо овози гирифта гуфтанд, ки кормандони ин ҷо ба сӯяш доду фиғон бардошта ва дағалона рафтор намуданд. “Чӣ, шумо магар намефаҳмед, тайёр нашудааст. Чӣ инҷо худатон танҳо ҳастед? Равед ҳафтаи дигар биёед”,- гуфтаанд ба модарам. Модарам ба ман гуфтанд, “бачам, беҳтар мебуд каме пули иловагӣ ба дасташон медодӣ, то ин вақт корат тамом мешуд”.
Ростӣ, ин суханонро аз даҳони чанд шаҳрванде, ки он рӯз бо ман навбат мепоиданд, шунида будам, ки инҳо шиносномаи нафаронеро, ки болои маблағҳои муайнгардидаи давлатӣ, пули иловагӣ медиҳанд, дар зарфи чанд рӯзаке таҳия мекунанд, вале агар пул надиҳӣ, ҳафтаҳои зиёд сарсону саргардон мешавӣ.
Инак, моҳи сеюм мешавад интизори шиносномаам ҳастаму ноилоҷ бояд бори дигар маблаги зиёд сарф карда, ба Кӯлоб биравам, то ин масъаларо худам ҳал намоям. Баъзан фикр мекунам, беҳтар буд пул медодам, аммо чун рӯзноманигор ва як шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар фикр мекунам кори дуруст кардаам.
Ҳоло мехоҳам бипурсам, ки чаро кормандони давлатӣ масъулияти худро дуруст иҷро намекунанд ва бе дурушӣ ва эҳсосот бо зани солхурдае муомила карда наметавонанд? То кадом андоза чунин рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шӯъбаи зерин асоснок мебошад ва оё барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ як шахрванд бояд чӣ қадар интизор шавад? Муҳлати дарёфти як шиноснома чанд рӯз аст?
Пеш аз сафари навбатӣ ба шаҳри Кӯлоб хулоса кардам, ки ба телефони боварии ВКД занг зада, оиди ин мушкилот шикоят намоям, чунки дар шӯъбаи шаҳри Кӯлоббуда ҳама айбро ба сари “Душанбе” бор мекунанд, ки шиносномаи шумо бо айби система то ҳол нарасидааст. “Мо ду маротиба мактуб кардем, ҷавобаш наомадааст”, - мегӯянд дар шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб буда.
Ба занги ман ба телефони боварии ВКД -- 221-21-21 дар санаи 29 апрел соати 14:00 корманди ин ниҳод Шоҳинов ҷавоб додаву арзи маро навишта гирифтанд ва гуфтанд, ки пагоҳ ин мактуб ба назди вазир медарояд ва сипас ба ман тамос гирифта ҷавобашро мегуянд. Айни ҳол интизори зангаму умеди охиринам ба вазир аст. Эҳтимол масъалаи шиносномаи ман то он ҳад душвор аст, ки онро танҳо худи Ҷаноби вазир метавонад ҳал намояд.
Имрӯз, 30 апрел соатҳои 11:00 дубора бо телефони боварӣ тамос гирифтам ва оиди аризаи дирӯзаам хотиррасон намуданд. Ба ман ҷавоб доданд, ки ин кор дар як рӯз ҳал намешаваду барои баррасии шикояти ман аз як то даҳ рӯз муҳлат даркор аст. Яъне, ба ғайр аз интизориҳои беш аз ду моҳ бо айби бемасъулиятии кормандони шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб будаи бақайдгирию шиносномавӣ, бояд иловатан боз ду ҳафтаи дигар (агар рӯзҳои истроҳатро илова кунем) интизор шавам.
Ҳайронам, ки чаро дар кулли кишварҳои дунё имрӯз ба қадри яке аз сармояҳои муҳимтарин - вақт мерасанду ҳар дақиқаву сонияи рӯзи нафарони фаъол баҳисоб тақсим шудааст, дар кишвари мо то ин ҳад нисбати вақти қимматбаҳои дигарон бепарвоию беэътиноӣ зоҳир мешавад? Ҳайронам, ки ҷуброни вақти барбодрафтаи худро аз кӣ ситонам. Оё нафаре аз ин ниҳоди давлатӣ ба ман кафолат дода метавонад, ки шиносномаамро дар муҳлати муайянгардида, яъне даҳ рӯзи оянда баъди дида баромадани шикоятам, ба ман пешниход мекунанд. Ё боз сарсониҳову интизориҳои дигар дер пеш аст?