Генерал Раҳимзода: Давлат ба андоз аз ришу сатр ниёз надорад
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи додани иҷозатнома барои ришу сатрро шарҳ дод.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 30 апрел ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Раҳимзода зимни мулоқот бо ҷавонон дар посух ба суоли донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -- Аслиддин Хушвахтов оид ба хабари иҷозатнома барои мондани риш ва пушидани сатр изҳор доштааст, “ин иҷозатнома, ки гӯиё барои ришу сатр аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуда, қалбакӣ аст ва асоси воқеӣ надорад. Аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мондани риш ягон хел андоз муайян нагардидааст ва давлат ба андози ночиз барои чунин иҷозатнома эҳтиёҷ ҳам надорад”.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот бо ҷавонон Раҳимзода инчунин ба шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна дахл карда, афзудааст, ки сабаби асосии ин раванд аз сатҳи пасти маърифат, надоштани ҷаҳонбинӣ ва донишҳои муосир маншаъ мегирад. “Инсони боақлу заковат ва соҳибмаърифат, ки дорои шуури баланд аст, ҳаргиз даст ба амалҳои номатлуб ва кирдорҳои ҷинояткорона намезанад. Ҷавонон бояд ҳамеша дар пайи омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва илму технологияи муосир саъю кӯшиш намуда, вақти пурқиммати хурро босамар истифода баранд”,-таъкид намудааст вазири умури дохилӣ.