Шарти Ашраф Ғанӣ барои роҳ додани Покистон ба Тоҷикистон
Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон дар доираи сафараш ба Ҳиндустон, рӯзҳои 27-29-уми апрел паём додааст, ки Покистонро ба шарте ба Тоҷикистон роҳ медиҳад, ки монеи додугирифти Ҳинду Афғонистон нашавад.
Тибқи иттилои расонаҳои ҳиндӣ Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки ба Покистон шарт гузоштаанд, ки барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.
Нариндра Модӣ низ аз азми Ашраф Ғанӣ барои густариши додугирифт истиқбол намуда, изҳор доштааст, ки бо хушнудӣ омодаи қабули мошинҳои боркаши Афғонистон мебошанд. Ҷониби Ҳиндустон таъкид намудааст, ки дар сурати мусоидати Покистон додугирифти мол миёни Афғонистону Ҳиндустон ба маротиб зиёд мешавад.
Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост, имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Дар ҳоле, ки имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад.
Аввали соли равон Душанбею Кобул ва Исломобод эълон карданд, ки дар масъалаи ин созишномаи транзитӣ ба тавофуқ омадаанд ва бояд ба зудӣ ба имзо расад, аммо то ҳол амалӣ нашудааст. Инчунин Душанбе азм дорад, интиқоли шакару гандуми Покистонро ба Тоҷикистон афзоиш дода, тавассути ин кишвар ба нафти Кувайт дастрасӣ дошта бошад.