Ниҳоди зертобеи Салимзода: Ҷашни 1-уми май эҳё мешавад
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли кишвар эълон кардааст, ки ҷашни якуми май дар кишвар эҳё мешавад ва аъзои иттифоқи касаба дар чорабиниҳои идона ширкат мекунанд.
Федератсияи иттифоқҳои касаба бо пахши як иттилоия изҳор доштааст, ки имсол, 1-уми май, Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашони ҷаҳонро бо шиорҳои “Ба мардуми меҳнаткаш - Меҳнати арзанда, ҳаёти арзанда! Ба меҳнати арзанда - музди меҳнати арзанда! Ҷойҳои нави корӣ - роҳи дурусти рушди иқтисодиёт!Риоя Конститутсия ва қонунҳо - кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ! Зиндагӣ ва таъминоти арзанда ба собиқадорони ҷангу меҳнат!” пешвоз мегиранд: “Дар тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ бештар аз як миллион аъзои иттифоқи касаба ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳо баромада, дар чорабиниҳои идона иштирок менамоянд. Онҳо якҷо, ошкоро ва якдилона нисбати корфармоён дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, манфиатҳо ва имтиёзҳои худ ва муттаҳидии сафҳои иттифоқҳои касаба вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд. Минбаъд 1-уми майро дар фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн мегирем”.
Ниҳоди зертобеи Шерхон Салимзода бо таъкиди зарурати ҷои кор афзудааст, ки дар шароити муосир ҷои кор ҳам наметавонад манбаи эътимоднок ва кафолатноки беҳбудии зиндагӣ бошад, зеро оқибатҳои вазнини бӯҳрони шадиди ҷаҳонӣ боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ, маҳрумиятҳои иҷтимоӣ гардида, қариб тамоми қишрҳои аҳолии меҳнаткаши дунёро фаро гирифтааст: “Аз ин рӯ, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби меҳнат саъю талош намоянд ва аз корфармоён талаб намоянд, ки чунин шароитро фароҳам оваранд”.
Ин изҳороти Федератсияи иттифоқҳои касаба дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 18 март раҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуд. Рӯзҳои аввали таъин шудани Салимзода ба вазифаи нав хабарнигори "Озодагон" барои суҳбати муфассал дар мавриди нақшаҳои раҳбари нави Иттифоқаҳои касаба ба қабулаш рафт. Аммо Салимзода ба далели танг будани фурсат аз суҳбати муфассал худдорӣ карда, афзуд, ки мусоҳибаро баъди ҷашнҳои наврӯзӣ анҷом хоҳад дод. Ӯ дар суҳбати кӯтоҳ танҳо таъкид кард, ки талош мекунад, ҳуқуқи коргарҳоро дар кишвар ҳимоя ва ба арзу шикоятҳояшон расидагӣ кунад.