"Тоҷикстандарт" хайр карду қарздор шуд: Мардум пардохт мекунад
Агентии “Тоҷикстандарт” баъди аз ҳисоби худ бунёд намудани бинои гузаргоҳи назоратӣ ва бинои сарҳадчиёни қисми низомии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ дар ҷамоати Лакони Исфара аз ширкати сохтмонии “Мубӣ” 2,8 миллион сомонӣ қарздор шудааст.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 29 апрел дар парлумон гуфт, “Тоҷикстандарт” бо супориши ҳукумат дар соли 2014 биноҳои зикршударо бо харҷи 7,9 миллион сомонӣ сохта ба истофода дод, ки дар натиҷа 5,1 миллион сомониро пардохт кардаасту 2,8 миллион сомонӣ дар назди пудратчӣ ҶММ “Мубӣ” қарздор шудааст. Ҷонмаҳмадова бо пешниҳоди тағйирот ба қонун дар бораи буҷа барои соли 2015 аз вакилон хост, иҷоза бидиҳанд, то Агентӣ аз ҳисоби 50%-и маблағҳое, ки аз додани сертификат ба даст меоварад, қарзашро пардохт кунад.
Ба иттилои муовини вазири молия “Тоҷикстандарт” давоми соли 2013 ва 2014 аз ҳисоби додани сертификат 21,5 миллион сомонӣ ба даст овардааст, ки аз ин маблағ хараҷоташ 14,7 миллион сомониро ташкил медиҳад: “Аз фоидае, ки дар худи Агентӣ мемонад 6,6 миллион сомонӣ пардохтҳои андозӣ супорида шудааст ва фоидаи соф ба Агентӣ 4,9 миллион сомонӣ мемонад”.
Дар пайи ин муаррифӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз Ҷонмаҳмадова суол кард, ки “Шумо камбудии худро, ки моҳи май ба қонуни буҷа тағйирот пешниҳод кардаед, дар чӣ мебинед?” муовини вазири молия гуфт, камбудӣ дар он аст, ки кор соли 2014 анҷом ёфтааст, аммо тағйирот ба буҷаи соли 2015 пешниҳод шудаанд. Зуҳуров афзуд, чунин мисолҳо як ва дуто надорем ва бояд хулоса бароред: “Вақти таҳия, баррасӣ ва қабули қонуни буҷет ва ҳимояи буҷети ниҳодҳо ҳамаи хароҷот ба назар гирифта шаванд. Акнун кор соли гузашта будааст, мо намедонем, чӣ дар кадом ҳаҷм сохта шудааст, вале бояд ба маблағи беш 2 миллион сабукӣ диҳем. Вақте Вазорати молия рафтед, шинеду ин масъаларо ба миён гузоред, то дигар чунин ҳолатҳо такрор нашаванд”.
Баъди шунидани эродҳои Зуҳуров вакилони Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун дар бораи буҷа барои соли 2015-ро бо як овоз ба тасвиб расонданд.