Талоши Кумитаи амният барои ҷилавгирӣ аз ифшои иттилооти махфӣ
Маҷлиси намояндагон имрӯз, 29-уми апрел созишномаи пешниҳодкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба тасвиб расонд, ки ба ҷилавгирӣ аз ифшои маълумоти махфӣ ва таҳкими ҳифзи ин иттилоот нигаронда шудааст.
Суҳроб Паноев, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар парлумон ҳифзи иттилооти махфӣ ва ҷилавгирӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ ба ин иттилоотро масъалаи мубрам хонд. Ӯ, ки созишномаи пешниҳодкардаи раисиҷумҳур оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро дар парлумон муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки ин созмон дорои хазинаи маҳфузи иттилооти махфӣ мебошад ва ҳифзи он бояд такмил ёбад: “Тавре маълум аст, дар қаламрави СҲШ Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ амал мекунад, ки мутхассисони босалоҳияти кишварҳои узвро дар бар гирифта, фаъолияти сохторҳои дахлдоро алайҳи терроризм, экстремизм ва сепаратизм ҳамоҳанг мекунад”.
Паноев афзуд, ки барои ҳифзи иттилооти махфии хазина ҳанӯз соли 2006 Созишнома дар бораи ҳифзи техникии он аз ҷониби кишварҳои узв ба имзо расидааст ва то ҳол бисёри кишварҳои узв онро ба тасвиб расондаанд.
Муовини раиси Кумитаи амният илова кард, ки барои ҳифзи иттилооти махфӣ такмили доимии барномаи Бонк ё худ хазинаи маълумотдиҳии маҳфуз анҷом дода мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки феълан барои таъсиси як низоми маҳфуз, ки тариқи он алоқаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар байни давлатҳои узви СҲШ роҳандозӣ мешавад, корҳо идома доранд: “Аз ҷумла бо мақсади таъсиси низоми мазкур тендери пӯшида гузаронида шуд, ки дар натиҷа ширкатҳои пешрафтаи Русия ва Чин интихоб шуданд".
Дар пайи муаррифӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон суол гузошт, ки оё иқдом барои ҳифзи маълумот аз буҷаи Тоҷикистон ягон хароҷоти иловагиро тақозо мекунад, Паноев посух дод, ки не: “Ин созишнома аз буҷа ягон хароҷоти иловагиро тақозо намекунад. Он аз ҳисоби ҳиссаи 6 фоизии Тоҷикистон дар буҷаи Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ карда мешавад”.