8 шаҳрванди Тоҷикистон аз Непал берун шуданд
Вазорати ҳолатҳои фавуқулодаи Русия (МЧС) 8 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Непал, кишвари осебдида аз заминларза берун овардааст.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ҳавопаймоҳои МЧС-и Русия дар назар аст, ки баъди соати 16:00 бо вақти Маскав дар фурудгоҳи Домодедова фуруд оянд: “Қарор шуд, ки тоҷикони беруншуда аз Непалро дар фурудгоҳ кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон пешвоз гиранду ба Душанбе гусел кунанд”.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон теъдоди тоҷиконро дар Непал 18 нафар гуфта, афзуд, ки тамоми имконоташро барои берун кардани тоҷикон аз минтақаи офат дар Непал равона кардааст.
Заминларзаи 7,9 дараҷаӣ дар Непал субҳи рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст, ки наздики 5 ҳазор кушта ва беш аз 10 ҳазор маҷруҳ барҷой гузошт.