Озодаи Эмомалӣ: Узвият дар Конвенсияи зидди генотсид нуфузи моро боло мебарад (ВИДЕО)
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 29-уми апрел ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои онро ба тасвиб расонданд.
Озодаи Эмомалӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа аз вакилон хост, онро ҷонибдорӣ кунанд, чун ба гуфтаи ӯ ҳамроҳшавӣ ба ин конвенсия нуфузи Тоҷикистонро дар назди шарикони аврупоию амрикоӣ боло мебарад. Озодаи Эмомалӣ гуфт, ин иқдом ба қонунгузории кишвар ягон мухолифат надошта, барои пешгирӣ ва муҷозоти дастандаркорони генотсид мусоидат мекунад: “Ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба ин Конвенсия нуфузи кишварро оид ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар назди шарикони аврупоию амрикоияш баланд мекунад”,-афзуд муовини аввали вазири умури хориҷӣ.
Инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди бозхонди Шермуҳаммади Шоҳиён аз вазифаи раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро ба тасвиб расонданд. Шермуҳаммади Шоҳиён ахиран бо пешниҳоди раисиҷумҳур раиси Суди Олӣ таъин гардид.
ВИДЕОИ баромади Озодаи Эмомалӣ дар парлумон: